NazarBox
NazarBox — платформаи аксҳо ва мақолаҳои пурмуҳтаво. Нашри мақола дар саҳифа бо шартҳои пулакӣ анҷом дода мешавад.
07/24/2026
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
ДИЁРИ КУҲАН
Иттифоқ афтод, ки сафари ман ба дунёи куҳани одамизод ҳам баргузор гардад.
Мо дар ҳотели Парк Плаза Виктория ҷой гирифтем.
Он бегоҳ баъди дамгирии кӯтоҳ Қасри Малика, Боғи Малика ва кӯчаву хиёбонҳои марказиро тамошо карда, шом дар як ресторани хитойӣ хӯрок хӯрдем.
Дар назари ман шаҳри Лондон бо услуби меъморӣ ва тарзи ороиш нисбат ба сохтмони классикии кишварҳои аврупоӣ, чун асли дунёи куҳан ба назар мерасид.
Хонаҳои ду, се, чор ва панҷошёнаи хиштӣ, даҳлез, дару тиреза ва роҳравҳои усулӣ, кӯчаҳои каҷу килеби ниҳоят қадима аз таърихи дуҳазорсолаи ин шаҳр шаҳодат медоданд.
Маълум аст, ки англисҳо дунёро аввал бо ақлу фаросат ва баъд бо неруи тавонманди ҳарбӣ ба худ ҷалб ва мутеъ кардаанд. Нисбат ба таърихи давлатдории худ ниҳоят эҳтиёткор будаанд. Биноҳои куҳна ва қадимиашонро барои наслҳо ҳамчун ҷузъиёти муҳим боэҳтиёт нигоҳ медоштаанд.
Рӯзи дигар мо машҳуртарин осорхонаи Британияи Кабирро, ки онро осорхонаи дунё ҳам номидан мумкин аст, тамошо кардем.
Ин осорхона як навъ хазинаи бузурги далелҳо аз таърихи ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ ва дурандешии англисҳо, хислату характери миллии онҳо мебошад.
Як мисоли одӣ. Дар яке аз экспонатҳои осорхона бозубанд, дастпона ва камарбандҳои ниҳоят қиматноки аз тиллои соф сохташудаи маъруф ба «Хазинаи Окс ё Амударё» ба намоиш гузошта шудааст.
Онро дар асри XlX деҳқонони тоҷик дар Қубодиён пайдо карда, ба тоҷирони афғон фурӯхтаанд. Он ҷо Ричард Блейк ном марди англис аз ин ҳодиса хабардор шуда, аз нархи маҳаллӣ каме баландтар аз афғонҳо мехарад. Ва ин ҷавоҳиротро ба осорхонаи бузурги давлати худ туҳфа мекунад.
Ҳамчунон, як рӯз пеш аз анҷоми сафар тавассути чархбол ба шаҳри Пули ин мамлакат сафар кардем.
Парвоз чил дақиқаро дар бар гирифт.
Ба шаҳр расидан баробар, дар як киштии ҳозиразамон ба сайри баҳр баромадем.
Ман ба хотири тамошо дар паҳлуи капитани киштӣ нишастам, ки худи ӯ маро таклиф карда буд. Ҳамроҳони мо бо шӯхӣ аз соҳибони ин нақлиёти қиматбаҳо ва зебои баҳрӣ пурсиданд, ки мабодо ин яхтаи Абрамович набошад. Нохудо шӯхиро фаҳмида:
– Не, не, ба Худо! Шумо аслан иштибоҳ накардед. Ин ҳамон киштии Абрамович аст! – гуфт.
Ҳама аз ин эҳсоси баланди мутоиботи капитан ба завқ хандиданд.
Маълум шуд, ки яхтаи мо «Плурейедшер» ном дорад. Маҳсул ва мансуби Британия аст.
Ҳангоми саёҳати баҳрӣ мо тавассути гулӯгоҳи Инглиш Чанал, ҷазираҳои Бранси, Вайт ва нимҷазираи Уйолтхариро гузашта, аз соҳил онҳоро тамошо мекардем.
Мутаассифона, ҳангоми сафари баҳрӣ ҳаво яку якбора бад шуд. Дар масофаи тақрибан даҳ километр дур аз соҳил мавҷҳои ниҳоят хатарноки тӯфонӣ бархостанд.
Дар дохили киштӣ сигнали огоҳкунандаи хатар беист садо медод.
Мавҷҳо чунон баланду паст мешуданд, ки гумон мекардӣ киштии мо дар мавҷи навбатӣ зери забонаи пурдаҳшати он монда, ба қаъри баҳр фурӯ меравад.
Воқеан, заволаҳои бузурги об мисли як пардаи сиёҳи даҳшатафкан аз болои киштии мо бераҳмона мегузаштанд. Ҳамаро зери об мекарданд. Аҳволи киштичаи саргардони мо соат ба соат бад мешуд. Ман тез-тез ба афту андоми нохудо нигоҳ мекардам.
Ин мардаки қадбаланди тануманд бо сару мӯйи зарди давида, дасту остини барзада, бозуҳои қавии варзида ва абрувони гирифта, фармон дод:
– Воскатҳои наҷотбахши худро пӯшед!
Хонуми дар қафои ман нишаста, чанд маротиба ба ман хитоб кард:
- Sir, it is become more dangery! I am afraid! Oh! It is extremely terrible! (Ҷаноб, вазъ ниҳоят хaтарнок шуд! Ман метарсам! Оҳ! Вазъ фавқулода ваҳшатнок гашт!).
Ӯ бо ду дасташ китфи чапи маро дошта гирифт, гӯё ман наҷотбахши касбии баҳрӣ бошам. Дар бархӯрди яке аз мавҷҳои бераҳм, гумон кардам, ки киштии моро пора-пора мекунад, хонум:
–- Оh! My God !!! – гуфта, бо тамоми қувваташ дод зад. Қариб буд остини костюми маро аз оринҷ канда партояд.
Ин вақт аз ёди ман як нақли Саъдӣ барқвор гузашт:
«Шоҳбачае бо надими донои худ нияти сафари баҳрӣ мекунанд. Хизматгори худро низ бо ҳам мегиранд. Чун аз соҳил дур мешаванд, боди шуртае бармехезад ва киштиро сахт ба шину хез дучор мекунад. Хизматгор доду фарёд мекашад. Аз ин шоҳбача хеле нороҳат мешавад. Ҳарчанд мекӯшанд, ғуломи тарсу аз доду вой гуфтан намемонад:
– Вой доде, халос кунед-е, мемирам-е ва монанди ин гуна шеванҳо.
Шоҳбача хеле нороҳат гашта, ноилоҷ мемонад. Ҳарчанд кӯшиш мекунад, хизматгор ором намешавад.
Надим бо қотеъият ба маллоҳон фармон медиҳад:
– Ин малъуни тарсуро ба об партоед! Мурад!!!
– Маллоҳон фармони надимро иҷро мекунанд. Ғуломро аз дасту пояш гирифта, ба баҳр мепартоянд.
Ғулом даруни об дасту по зада, дами ғарқшавӣ ва марг қарор мегирад. Надим фармон медиҳад:
– Наҷот диҳед номардро!
Маллоҳон бо як чаққонӣ ба об парида, ғуломро аз ғарқшавӣ мераҳонанд ва дастони ӯро ба қаиқ мечаспонанд.
Ғулом ҳаллосзанон худро даруни қаиқ мегирад. Акнун ором ва бо як табассум ба хизмати шоҳбача оғоз мекунад.
Шоҳбача аз надим мепурсад:
– Бигӯед, ки ин чӣ сир буд?
Надим мегӯяд:
– Ин ғуломи нокардакор фаҳмид, ки аз даруни киштӣ дида, боз ҷойи аз ин ҳам бадтаре ҳаст».
Рости гап, ман худам ҳам на камтар аз ин мусофири ҳамроҳам дар ҳарос афтода будам. Азбаски, тибқи расмиёт, шиму костюми сиёҳ, куртаи сафед, гарданбанди боэҳтиёт басташуда доштам, дигарҳо гоҳ-гоҳе ба ман чашм дӯхта, ҳатман мепиндоштанд, ки ягон одами масъули сиёсӣ ҳастам. Ба хотири чунин назар ва «муҳиммият» сир бой намедодам.
Ба ғайр аз ин, худи капитани киштӣ воскати наҷотдиҳандаро напӯшида, бо чеҳраи тағйирнаёбандаи ҷиддӣ киштӣ меронд. Дар симояш аз тарс асар набуд. Ин ҳолат маро низ ором мекард.
Хушбахтона, бими мавҷ коста, роҳи баҳрӣ ба оҳистагӣ ҳамвор ва мо ба соҳил расидем.
Вақте нохудои киштӣ бо мо хайру маъзур мекард, бо табассум гуфт:
– Понздаҳ сол, чор фасл ман дар ҳамин масир шино мекунам. Чунин вазъро бори аввал дидам.
Ман ба ӯ ташаккур гуфтам. Мо хайрухуш кардем. Ба ҳар ҳол сайри хотирмон буд.
АСРОРИ ҲАСТӢ
Таассуроте, ки ман аз шиносоӣ бо ин кишвар гирифтам, асосан, худи мардумони он сарзамин буданд. Ҷавонҳо, миёнсолҳо кампиру мӯйсафедҳо ва хориҷиҳои зиёд дар кӯчаву хиёбонҳо шабу рӯз ҳаракат, сайру гашт мекарданд.
Дар муқоиса бо дигар шаҳрҳои Аврупо, дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Британияи Кабир хориҷиҳо, хусусан, сиёҳпӯстону арабҳо зиёд нестанд.
Ин қавму миллатҳо дар дигар мамлакатҳои Аврупо бо шиори «Аввал шумо моро мустамлика кардед, ана акнун мо шуморо!» зиндагӣ намуда, баъзеашон одитарин одоби муоширату рафторро риоя намекунанд.
Дар Британия бошад, ин қабил мардум нисбатан каманд. Агар касоне ҳам бошанд, дар муқоиса бо дигар меҳмонони нохондаи аврупоӣ ором, осуда ва бо риояи хислатҳои нек рафтор мекунанд.
Қиёфаи мардум як навъ хотирҷамъӣ, боҳавсалагӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандиро инъикос менамояд. Дар худи Лондон гӯё одамон ҳама аз як деҳаи бузурганд, мисле якдигарро мешинохта бошанд, ба ҳамдигар муносибати бомурувват доранд.
Маълум буд, ки дар муқоиса бо фаронсавӣ, олмониву ҳоландиҳо ва ғайра, зери таъсири маънавиёти мардуми кишварҳои бегона ҳувияти қадимиашон поймол нагаштааст. Бо вуҷуди чанд сол дар Аврупо зиндагӣ доштан, ин ҷо ман бештар табиати одами аврупоиро эҳсос кардам.
Бо яке аз ошноҳои британиям дар мавриди ин бардошт изҳори назар намудам. Ӯ аз ин хулосаи ман қаноатманд шуд ва гуфт:
– Таърихи Англия се сарвазири машҳурро медонад: Черчил, Тетчер ва Блеарро. Ҳарсеи онҳо бо як овоз мегуфтанд: «Мо бояд ҷазираи худро ҳимоя кунем». Визаи Шенген, агар умумиятро дар Аврупо тавлид карда бошад ҳам, руҳи аврупоиро бегона ва қашшоқу касод ва ҷо-ҷо фасод кард. Ҳама одамон чизи бадро тезтар ба худ мегиранд. На баръакси онро. Аврупо ҳамин тавр шуд.
Бояд эътироф кард, вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ, география, релеф, табиат, муҳити атроф ва албатта, таҷрибаи таърихӣ, дараҷаи тараққиёти маънавӣ, интеллектуалӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва умуман, тамаддунии халқҳо наметавонад баробар бошад. Инро мо ҳар соат ва ҳар рӯз эҳсос мекунем. Аз ин ҷиҳат, як ҷазираи хурд, ки номаш аз рӯйи натиҷаи рафтор ва амалкарди таърихӣ Британияи Кабир шудааст, аз ҷумлаи пешқадамтарин халқҳо, ҳамчун намунаи фаъолияти ақлонаи давлатҳои дунё мебошад.
Ин кишвар аз лиҳози қаламрав, ки ҳамагӣ дар ҳудуди як ҷазира аст, дар дунё дар ҷойи 78-ум ва аз рӯйи шумораи аҳолӣ дар ҷойи 22-юм қарор дорад. Аз рӯйи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ҷойи 6-ум меистад.
Дар Британия мисле, ки дар Амрико ҳам мушоҳида мешавад, дар кӯчаву хиёбонҳо мағозаҳои хурду бузург таблиғи ягон намуди фирмаҳои машҳури либос, техникаи электронӣ, мошинҳо дида намешавад. Гӯё чунин амволи қиматбаҳо дар дунё вуҷуд надоранд. Зану марди британиягӣ дар либоспӯшӣ ниҳоят одиву хоксор ҳастанд.
Дар хиёбонҳои Лондон мошинҳои тамғаи «Lexus», «ВМW», «Меrsedes» ва монанди инҳо ками дар кам ба чашм мехӯранд.
Мошинҳои навъи «Land Cruiser», гуфтан мумкин, нестанд. Автомобилҳое, ки мардум истифода мекунанд, аз рӯйи ҳаҷм хурд ва андозаи муҳаррик дар сарфи маводи сӯхт каммасраф мебошанд.
Қоидаи одитарини британиҳо будааст, пулро дар ҷойе гузоранд, ки ҳадди ақал як тин фоида бинанд. Барои оила манфиат орад. Чунин муносибат дар қаламрави як давлати бузург боигарӣ ва имконоти муассири миллиро ташкил мекунад. Бидуни шак, ин нишонаи дурандешӣ ҳамчун намунаи хулқу атвор ва характери миллӣ аст.
ВОҚЕИЯТ ВА ТАХАЙЮЛИ БАДЕӢ
Мисли он ки тақдири ҳар инсон дар дасти худи ӯст, айнан, ҳамин тавр миллат тақдири худашро худаш муайян мекунад.
Адабиёти миллӣ воситаи муҳимми бо шаклу усулҳои бадеӣ тафсир кардани фалсафаи руҳ, табиат, вазъи иҷтимоӣ, маънавиёт, хосияти этнографӣ ва характери ҳар халқу миллат мебошад.
Барои донистани мардуми олам дарки моҳиятии фарҳангу тамаддуни онон муҳимтарин васила аст.
Дар ин ҳошия, асарҳои машҳури нависандагони англис Даниэл Дефо «Робинзон Крузо», Редярд Киплинг «Китоби ҷангал», Томас Майн Рид «Савораи бесар» ва садҳо осори дигар маводи беҳтарини шиносоӣ бо хулқу атвори ин миллатанд.
Ҳангоми сафар ба шаҳри Лондон, таваҷҷуҳи моро музейи Шерлок Холмс, ҳамноми қаҳрамони асари нависандаи машҳур Артур Конан Дойл ба худ ҷалб кард.
Тавре дар китоб ва кинофилми маъруфи аз рӯйи он ба навор гирифташуда дарҷ гаштааст, хона-музейи Шерлок Холмс дар кӯчаи Бейкер-стрит, 221 «б» ҷойгир мебошад.
Тибқи асар, Шерлок Холмс бо дӯст ва ҳамкори худ доктор Ватсон дар ин нишона аз соли 1881 то соли 1904 зиндагӣ ва кор кардаанд.
Аммо дар замоне ки Артур Конан Дойл ин асарро таълиф мекунад, чунин хона ва чунин суроға аслан вуҷуд надоштаанд.
Баъдтар, дар давраи нав, воқеан, сохтмони шаҳр вусъат пайдо мекунад. Дар идомаи бунёди манзилу муассисаҳо бо ҳамин рақам бинои чорошёна пайдо мешавад. Аз қайд мегузарад.
Бузургии Конан Дойл ҳам дар ҳамин аст, ки бо санъати баланди офаридани сужет тавассути образҳо, тавонистааст, ки мардумро ба воқеият доштани чунин шахсияти барҷаста, мутахассиси бахши кофтукову таҳқиқи ҷиноёт муътақид созад. Одамон умед банданд, ки дар назди хадамоти кофтукови ҷиноятӣ дар мубориза ба муқобили аъмоли тахассусмандонаи ашхоси палид, сарфи назар аз умқи тафаккури онон барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои разилонаи худ, танҳо нестанд. Шахсиятҳое ҳам ҳастанд, ки онҳоро аз чунин сарбастагиҳо раҳо месозанд. Ҷиноёти печидатаринро мекушоянд. Ба ноумедиҳо умед мебахшанд.
Воқеан, табиати инсон уқёнуси нопайдоканор аст. Ба ҳар роҳу восита, дар кадом ҳолате бошад, орзуи зиндагии шоиста ва ояндаи некуро дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, итминони комил бояд дошт, ки пайдоиши муқаддасоти олам, яъне қудсияти эътиқоду эътимоди фавқуттабиӣ ҳам, аз ҳамин тарзи бархӯрд сарчашма мегирад.
Ман дар назар дорам Биҳиштро.
Фақат дин аст, ки дар тамоми ҳолат ба одам ваъдаи фардои серӣ, пурӣ, фаровонӣ, табиати зебо, боду ҳавои хуш, чашмаҳои мусаффо, боғу роғи дилоро, ҷӯйи хамр, насяи васли ҳурони чеҳрапардоз, маликаҳои танноз ва сад ҳазор имтиёз медиҳад. Дуруст, ки бе замонати таъмини иҷро.
Адабиёт ҳам бо инфрасохтори тавъам бо таърихи таҳаввулоти ҷомеаи инсонӣ, қисман ҳамин вазифаро дар доираи салоҳият ва имконоти худ иҷро мекунад. Ва бо қудрати инъикоси бадеии олами ҳастӣ, намунаи барҷастаи фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳоро ба намоиш мегузорад.
Ҳамин зарурати иҷтимоиро Артур Конан Дойл дар умқи хаёлоти хеш ҳис кардааст. Офаридани чунин образро ҳамчун талаботи замон ҳисобидааст.
Бо гузашти айём, вақте ки асари нависанда аз забон ба забон мегузарад, бузургии шахсияти ӯ дар назди наслҳои оянда бо ҳам зиёдтар ҷилвагар мешавад. Ин муҳимтарин сифати эҷодии нависанда аст.
Ба тарзи дигар, Артур Конан Дойл ҳангоми эҷоди асар имтиҳони замони ояндаро низ ба инобат гирифтааст. Музейи як қаҳрамони ӯ дар пойтахти Британияи Кабир, далели бузурги ақлофаринии нависанда аст.
Хосияти эҷодиёти бадеӣ он аст, ки муаллиф наметавонад худро, аниқтар, муносибати хешро аз қаҳрамони офаридааш ҷудо тасаввуру тасвир намояд.
Тамоми сужет ва амалкарди қаҳрамонҳои нависанда маҳсули таҷриба, дида ва шунидаҳои ӯ мебошанд. Гап сари он аст, ки то кадом дараҷа сифатҳои интеллектуалӣ, психологӣ, руҳиву равонии эҷодкор бо дарк ва коркарди моҳиятии мавзуъ мувофиқ меоянд.
Конан Дойл духтур будааст. Вақте ки дар соли 1880 муддати ҳашт моҳ дар киштии «Hope» («Умед»), дар обҳои хунуки Арктика ба сифати табиб хизмат мекунад ва ҳамагӣ панҷоҳ фунт стерлинг маош мегирад, ранҷу азоби зиёд мебинад, таҷрибаи зиндагӣ меандӯзад, баъдан, дар шарҳи ҳолаш менависад: «Ман ба ин киштӣ ҳамчун ҷавони бетаҷрибаи лаванди бесулуқ ба синну сол баромадам, аммо аз зинапояҳои он ҳамчун марди бавоярасида пойин омадам».
Зиндагӣ устоди асили нависанда аст, агар охирин қудрати омӯхтан ва сабақ бардоштан аз онро дошта бошад. Тимсоли қаҳрамони марказии Конан Дойл, Шерлок Холмс – Ҷозеф Белл, профессори университети Эдинбург мебошад, ки тавассути истеъдоди фавқулодаи худ дар асоси таҳлили сифатҳои шахсии инсон, метавонист гузашта ва имрӯзаи аъмоли ӯро фаҳмад, рафторҳои иҷтимоиашро дар оянда пешгӯӣ карда тавонад.
Вақте асари Артур Конан Дойл – «Шерлок Холмс» машҳур мегардад ва тавассути он худи нависанда ҳам маъруфи олам мешавад, дар яке аз суҳбатҳо бо фарзанди дӯстдошта, қарин ва ҳамнишини доимиаш Андриан мегӯяд: «Агар Холмс ҳам мебуд, яқин, ки ин худи ман будам».
Ҳамин тариқ, замоне ки дар ин хиёбон таҳти чунин рақам хона пайдо мешавад, одамон гумон мекунанд, ки Шерлок Холмс ҳоло дар қайди ҳаёт набошад ҳам, агентии кофтуков ва тафтишотии таъсисдодаи ӯ ҳатман дар ҳамин суроға фаъолият мекунад.
Корафтодагоне, ки аз таку дави зиёд хаста шудаанд ва ба дарди онон ягон сохтор даво шуда наметавонад, маҷбур ба ҳамин нишона, ба «шогирдон»-и Шерлок Холмс муроҷиат менамоянд.
Воқеияти масъала оид ба мавҷуд набудани «Идораи Шерлок Холмс» чандин маротиба эълон шуда бошад ҳам, муштариён ноумед намегаштанд. Пайдарпай ба ин нишона нома менавиштанд.
Барои ҳамин, сохторҳои муайян маҷбур шуданд, ки як вазифаи котибро дар ин макон таъйин кунанд, то ба мукотиботи мардум вокуниши марбута нишон диҳанд. Ҷойе имкон ҳаст, ба онҳо ёрӣ расонанд.
Аз ҷониби дигар, худи Ҳукумати шаҳри Лондон ноилоҷ, дар ин хона як тахтачаи сабзро бо нишон додани суроға овезон кардааст. Дар тахтача бо ранги сабз чунин матн омадааст: «Дар ин хона байни солҳои 1881 то соли 1904 корманди соҳаи кофтукови ҷиноятӣ – машваратчӣ Шерлок Холмс зиндагӣ кардааст».
Роҳбалади мо таъкид кард, ки барои пайдо кардани билет на кам аз се рӯз қабл, бояд тавассути интернет ба маъмурияти музей муроҷиат кард. Дар акси ҳол, навбат гирифтан ва даромадан ба осорхона ниҳоят душвор аст.
Мошини мо ҳамагӣ понздаҳ дақиқа қабл аз вақти муайяншуда ба назди музей расид. Аммо дар наздикиҳо ҷойи мошинмонӣ набуд. Гурӯҳи тамошогар аз дунболи якдигар, гӯё ба дидани манораи Эйфел омода бошанд, навбат меистоданд. Аз тарафи чапу рости музей кафе ва мағозаи «Шерлок Холмс» ҷойгир буданд. Онҳо низ пуродам.
Ахиран навбати мо ҳам расид.
Музейи Шерлок Холмс яке аз даромадгоҳҳои хонаи чорошёнаро дар бар мегирад. Қабатҳои музей аз толор, ҷойҳои кории Шерлок Холмс ва доктор Ватсон иборат буданд. Дар табақаи сеюм хоначаи миссис Хадсон ҷойгир мебошад. Дар чор қабати бино, тамоми ашё ва ҷиҳози тахассусии замонавии хосси агентии шахсии кофтукови ҷиноятҳо дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XХ мавҷуданд.
Кулли ҷиҳоз, портретсозии қаҳрамонон, сифатномаи А.К. Дойл, муаллифи асари машҳур дар алоқамандӣ бо сужет, таъмини мақсади бадеии асар мувофиқати мутаносиб доранд.
Роҳбалади музей бо либоси асри Шерлок Холмс, аз ёд донистани асари бадеӣ, решаҳои заминии пайдоиши сужет, сарчашмаҳои истифодакардаи нависанда, вазифаи худро ба навъи аъло иҷро мекард.
Муҳтавои матлаб он аст, ки британиягиҳо аз як асар, ки натиҷаи тафаккур ва хаёлоти бадеии шаҳрванд, нависанда, адиб аст, тавонистаанд бо камтарин харҷ барои сайёҳон як макони ҷолибу диданӣ созанд. Ақлу фаросат ва хиради худро на танҳо тавассути асари бадеӣ, рӯйи саҳнаи кишварҳои олам овардани он, балки бо ин кӯшиши дар назар хоксорона, аммо дар асл шуҳратсоз ва аз лиҳози ҳастии зиндагӣ даромаднок, манфиатҳои маънавӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва моддӣ бубинанд.
Суруду тантанаи хушки ватансароӣ ягона роҳи тарбияи ватандӯстӣ нест.
Осорхонаҳо, муҷассамаҳо, қаҳрамонҳои воқеӣ ва асарҳои бадеӣ бояд тарзе таҷассум ёбанд ва офарида шаванд, ки худ ҷолиб ва барандаи мантиқи гӯёи фарҳанг, тамаддун, воситаи тарбияи одамон ва ҳамзамон, дорои имконоти ҳадди ақали худкифоии молии боиси ҳифзашон бошанд.
(Аз китоби академик С. Ятимов «Ёддоштҳо», қисми 2, Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 517 - 530)
Санаи нашр: 23.07.2026 №: 144
06/08/2026
Қисми якум:
РОЗЕ ДОРАМ, КИ БОЗ НАТВОНАМ ГУФТ
Эрон барои мардуми мо кишвари умед аст. Ҳақиқати таърихӣ, ки таъсири тамаддунии миллати тоҷикро аз сарзамини аҷдодӣ то ба соҳилҳои баҳри Хазар дар шимол, халиҷи Уммон ва халиҷи Форс дар ҷануб паҳноӣ додааст, боиси ифтихори халқи мост.
Арнолд Тойнбӣ (1889 – 1975, таърихнигор ва файласуфи англис) дар асари машҳури худ «Манфиати таърих» умри сайёраи Заминро 4 миллиард сол мешуморад ва вуҷуди ҷомеаи башариро чор ҳазор сол.
Албатта, сохти давлатдорӣ барои ҳамаи миллатҳо доимо яксон набудааст. Аммо муҳим он аст, миллатҳо бо таърих, фарҳанг, тамаддун ва забон, ки муҳимтарин ҷузъи он аст, абадият доранд ва ин ҳақиқати бебаҳс мебошад.
Лутсий Плутарх (олими Юнони Қадим) фармудааст: ҳангоми омӯзиши таърихи башарӣ, мебояд маҷмуи зуҳуротеро, ки дар олами ҳастӣ аломати қаробат нишон медиҳанд, ҳамчун мавзуи умумии тадқиқ қарор дода, онҳоро зери мантиқи як ибтидо ва қонунмандӣ ба самти созгорӣ ва комгорӣ ҳидоят намуд.
Ҳангоми адои хизмати дипломатӣ, мо тибқи имконот, бо ҳукумат ва вазоратхонаҳои гуногуни Эрон равобити корӣ барқарор намуда, табодули афкор ва муҳокимаи рушди равобити дуҷонибаро ҳамчун самти муносибот қарор медодем.
Ҷониби Тоҷикистон аз тарафи масъулони эронӣ хуб ва бо эҳтиром истиқбол мешуд. Ҳамкорӣ дар ин кишвар барои мо муқаддимаи гуворо дошт.
Ба фикрам, дар дунё дигар миллатҳое вуҷуд надоранд, ки мисли тоҷику эронӣ аз лиҳози забонӣ якдигарро чунин хуб фаҳманд.
Бо гузашти ду даҳсола аз хизмати дипломатӣ дар Эрон, вақте ман дар Анқара бо вазирони турк суҳбат мекардам, онҳо гуфтанд, ки аз Осиёи Марказӣ мо фақат бо Шумо бидуни тарҷумон суҳбат мекунем. Бо чор бародари турктабори минтақаи Осиёи Марказӣ, бидуни нафари сеюм, яъне тарҷумон мулоқот карда наметавонем.
Аммо мо бошем, бо ҳамкорони турк барои он якдигарро хуб мефаҳмидем, ки ба забони англисӣ суҳбат мекардем.
Қонунмандии дарки муҳити атроф донистани алоқаҳо, муносибатҳо ва миёнҷигариҳост.
Ҳангоми омӯзиши Эрон ва умуман, кулли воқеияти ҳастӣ, ман ҷонибдори ақидаи файласуфи Юнони Қадим Гераклит ҳастам, ки ташаккулро ҷараёни қатънашаванда ва беохир мешуморад. Ба андешаи Гегел, он чизе то ҳол вуҷуд надорад, дар он ташаккул оғоз шудааст. Дар он ҷойе, ки ташаккул оғоз шудааст, аллакай, зуҳурот арзи вуҷуд мекунад.
Чунин муайянкунии ашё хосси тамоми мавҷудот аст. Бошад, ки ин навъи такомул ба мардуми ориётабор таъсири бунёдӣ расонад.
Аммо бидуни донистан, дарки таърих, ояндабинии воқеият ва имконоти стратегӣ ғайриимкон аст.
Бе сафар кардан ба ноҳия ва шаҳру вилоятҳои мамлакат, омӯхтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мадании кишвар, анъана ва урфу одатҳои миллӣ, ривоҷ додани муносибатҳо бо кишвари иқомат қобили тасаввур нест.
Дар ин масъала, Вазорати корҳои хориҷии Эрон саъй мекард. Мо ҳам бо дастгирии сарвари намояндагӣ чунин сафарҳои дипломатиро ташаббускорона ташкил мекардем.
Ҳамин тариқ, ба шаҳрҳои Рай, Қум, Исфаҳон, Рафсанҷон, Кошон, Шероз, Бандари Аббос, Бушеҳр, Ҳузистон, Исломшаҳр, Бруҷерд, Омул, Гургон, Тунукобон, ҷазираҳои Кешм, Киш ва бисёри дигар манотиқи Эрон сайру сафарҳо доштем.
Махсусан, сафарҳое, ки ғайрирасмӣ, бидуни таоруфот ва истифода аз ташрифоти дипломатӣ, ба тарзи одӣ, мисли шаҳрванди кишвари иқомат сурат мегирифт, ҷолиб буданд.
Ҳангоми саёҳат дар ҳар шаҳр муддати як шабонарӯз сукунат ва сайру гашт мекардем. Бо ҷойҳои таърихии он шинос мешудем. Дар боғу бӯстонҳои маъруф, соҳили рӯдхонаҳо ва баҳру халиҷ қадам мезадем. Ба меҳмонхона вақте бармегаштем, ки Офтоб ғуруб мекарду шом фаро мерасид.
Тамоми гӯшаву канори Эрон мавзеи сайёҳӣ аст. Барои мо зиёрати мақбараҳои шоирони бузург Абуалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Насриддин Асадии Тусӣ, Толиби Омулӣ, Асадуллои Кошонӣ, Бобо Тоҳири Урён, қасру кӯшкҳои Исфаҳон, Тахти Ҷамшед, Кӯҳи Бесутун, иншоотҳои таърихии Зояндарӯд, девори навиштаҷоти қадимаи шоҳ Дорюш, бозорҳои ҳунармандон, косибон, табиати нотакрори Мозандарон, қариб ҳамаи нуқоти Эрон, ки аз таърихи шашҳазорсолаи мардуми эронзамин шаҳодат медиҳанд, ҷаззобияти хос дошт.
ЧУ ЭРОН НАБОШАД, ТАНИ МАН МАБОД
Барои мо, тоҷикон мавҷудияти Эрон ҳамчун кишвар ва миллати бародар, воқеан, муҳим аст.
Таърихи миллат – бунёдгузори ҳувияти миллӣ, омили асосии шаклгирии характери миллӣ аст.
Бузургтарин фоҷиаи мардуми эронинажод шикасти империяҳои давлатдории он – сулолаҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва Сомониён буданд.
Махсусан, шикасти сулолаи Сосониён (асрҳои III-VII, аз замони Ардашери Бобакон то Фаррухзоди Хусрав (Хусрави V)), ки бар асари он истилогарон бар Эрон ва Осиёи Марказӣ тасаллут пайдо карданд, идеология, маънавиёт, урфу одат ва тарзи зиндагии як миллати бузург дар чаҳорчӯбаи дидгоҳи аҷнабиён тағйир пазируфт.
Ин падида барои мардуми ориёӣ ба ҳазор сол ва зиёда аз он фоҷиабарангез боқӣ монд.
Таназзули империяи Сомониён, бедавлатии асрҳо идомаёфтаи миллати тоҷик, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва хатарҳои воқеии имрӯза ба давлатдории миллии тоҷикон ҳам аз ҳамон фоҷиаи бузург сарчашма мегирад. Он шикасту рехт то ҳол тибқи нақшаҳои тарҳрезишуда, мақсаднок идома дорад.
Парчами мардуми ориёнажодро бо сипарӣ гаштани беш аз якуним ҳазор сол, бори дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонмандона баланд бардошт.
Яке аз бузургтарин ифодаҳои диалектикӣ дар табиат, ҷамъият ва тафаккур назария ва амалияи инъикос аст. Он маҷмуи таъсири мутақобилаи табиат ба ҷамъият ва баръакс мебошад.
Маҷмуи таҷрибаи таърихӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ – сохтор, мундариҷа ва муҳтавои маънавиёт, характери миллии мардуми Эрон, ҳамчун ҳолат ва ҷараён дар замони муосир инъикос меёбад. Инро мо дар анъана, урфу одат ва хислати мардуми бародари Эрон баръало мушоҳида мекардем.
Мо характери миллии эрониёнро дар шаклҳои устувори ҷаҳонбинӣ, афкор, андеша, гуфтор, рафтор, анъана ва урфу одатҳое медидем, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои таърихии асрҳои аср шаклгирифтаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар муносибати ин миллат, афроди алоҳида нисбат ба хеш, муҳити атроф, халқ ва миллатҳои дигар, хусусан, мо, тоҷикон ифода меёфт.
Албатта, характери миллӣ маҷмуи зуҳуроти маънавӣ ва амалӣ мебошад, ки ҷузъиёти такроршавандагӣ доранд. Тағйири он дар муддати даҳсолаҳо тақрибан ғайриимкон аст.
Муҳимтарин омили таҳаввул ва эволютсияи он, тағйири сохти сиёсӣ, иқтисодӣ ва дараҷаи маърифатнокии миллат дар тули даҳсолаҳост. Куллан, ба тарзи мутлақ тағйир додани характери як миллат имкон надорад. Дар чунин ҳолат он миллат нест.
Дар сохтори характери миллӣ, тарзи инъикоси олами ҳастӣ, ангезаи рафторҳо, ҳиссиёт, арзишҳои моддӣ, маънавӣ, шакли миллии бархӯрд ба муҳити атроф, ақл ва фаросати умумӣ дохил мешаванд. Ҷузъиёти муҳимми характери миллӣ эҳсос ва масъулияти нигаҳдории мансубият ба умумияти генетикӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Эрониҳо аз қадимтарин мардумони сайёраанд. Таърихнигорон исбот кардаанд, ки аҷдодони форсҳои қадим – ориёиҳо буда, ба сарзамини ҳозира дар ҳазораи дуюми то замони мо омадаанд. Албатта, ин сарзамин борҳо ҳадафи тохту този аҷнабиён қарор гирифтааст, ки чунин рӯйдод бидуни таъсири этникии дигар қавму нажодҳо намондааст.
Лекин исбот гаштааст, ки дар замони ҳозира то 61% сокинони Эронро форсҳо ташкил мекунанд. Баъди форсҳо, озариҳо аз калонтарин майдамиллатҳо ҳастанд, ки дар ин сарзамин ба сар мебаранд. Онҳо аз 16 то 35% аҳолии Эронро дар бар мегиранд. Ҳамчунон, курдҳо, арманиҳо, туркманҳо ва чанд гурӯҳҳои этникии дигар аз ҷузъиёти мардуми Эрон мебошанд.
Бузургтарин ифтихори миллии эрониҳо империяҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониҳо, Сомониён ва замони гул-гулшукуфоии илм, маърифат, адабиёт ва санъат дар асрҳои Х–ХI мебошад. Ин ифтихор ҳувияти миллии эрониҳоро то замони мо нигоҳ доштааст.
Вобаста ба мушкилоти иқлим, норасоиҳои об, заминҳои корами мусоид барои зиндагии бофароғат, эрониҳо аз худ мардумони муассир ва меҳнатқаринро ба намоиш мегузоранд.
Дар Эрон бекорӣ вуҷуд дорад. Аммо мардум бекор нестанд. Барои худ касбу коре пайдо карда, шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Агар каме дуртар аз Теҳрон, ба шаҳри Рай сафар кунед, мебинед, ки дар хонаҳо зану мард, пиру барно ба қолинбофӣ машғуланд ва Эронро бо ин маҳсули дасти хеш маъруфи дунё гардонидаанд.
Ҳам дар Теҳрон ва ҳам дар атрофи он тоҷикон хеле зиёд ба сар мебаранд. Онҳо аз тоҷик будани худ ифтихор доранд. Мавзеъҳои асосии тоҷикнишин вилояти Хуросон, Шероз ва Исфаҳон мебошанд.
Аз он ки Саъдии Шерозӣ худро тоҷик меномад, ифтихори миллӣ ва як қавм будани миллати тоҷику форсро нишон медиҳад.
Эрониҳо тиҷорат ва савдо карданро дӯст медоранд. Санъати бузурги ҷалб кардани харидорро доранд. Агар қиматтарин маводро дар мағозаҳои Эрон пурсед, мегӯянд:
– Оғо! Хода вакели (яъне Худо шоҳид аст, ки...) ғобилии Шомару недоре! Мейли худетун ҳаст диге, бегӣ, чаро мипорсӣ? Азизам!!!
Вақте савдогар аниқ кард, ки шумо харидори воқеӣ, илова бар он, хориҷӣ ва ба замми он каме содаю зудбовар ҳам ҳастед, нархи чизи одиро даҳ баробар эълон мекунад. Аммо чун шуморо ҷиддӣ ва дониста дарёфт кард, савдо шакли нисбатан воқеиро мегирад.
Аммо хислати савдогари эронӣ ин аст, ки ҳаргиз аз дукони ӯ харидор, гарчӣ кораш барор нагирад ҳам, норизо намеравад. Бо як сухани нек, як пиёла чой дили муштариро ба даст меорад. Чунин хислати нек, дигар дар ягон гӯшаи дунё ба назар намерасад.
Мардуми Эрон хеле боодоб ва хушмуомилаанд. Дар меҳмондорӣ, рафоқат, ҳамраъйӣ, дастгирӣ ва мадади сайёҳон, мусофирон, одамони навомӯхт ҷони одаманд.
Чун ман аз аввал сайру саёҳатро дӯст медоштам, дар Эрон ҳам барои иҷрои вазифаи хизматӣ ва ҳам барои сафарҳои дипломатӣ, ки аз дидану донистанҳо ва кишваромӯзӣ иборат аст, бо аҳли хонавода ба тамоми гӯшаву канори мамлакат сафарҳо мекардем.
БИЁБОНИ БЕОБУ ГАРМОИ САХТ
Барои шинохти Эрон, мардумшиносӣ ва дарки вазъи воқеии зисти одамон, тавре хотирнишон гардид, мо имкони худро ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ истифода мебурдем. Ин иқдом таассуроти хуб мегузошт ва ҳамчун беҳтарин хотирот боқӣ мемонд.
Боре ман аз дӯстони эронӣ пурсон шудам, ки беҳтарин ҷойҳои тамошобоби кишвар кадом минтақаҳоянд. Онҳо ба ман маслиҳат доданд:
– Оғо, аге мейли дедани Беҳиштро дорӣ, баҳору тобестону пойез бру Шемол, бе Мозандерун. Аге мехой, ки боре ҳам Дӯзахро бебинӣ, бру бе Аҳвоз. Ва зуд таъкид мекарданд:
– Ҷунам, аммо меслеҳат нист, о, ки тобестун ун ҷо сефери доште башӣ-ҳо! Маге дар зерурет, териғи ҳевопеймо, ҳемегӣ бе ченд соат! На зиёде аз он, - о! Бобо! Мотеваҷҷеҳ мешӣ, чӣ мегам? Хода некарде, коре неконе, ки... – яъне таъкид мекарданд, тобистон рафтан ба Аҳвоз маънои рафтан ба Ҷаҳаннами ҳақиқиро дорад.
Ривояте роиҷ буд, ки ҳангоми ҷанги Эрону Ироқ дар фасли гармо, сарбозҳо болои танкро бо равған пок мекардаанд. Тухми мурғро дар ҷойи ҳамвории танк зада мешикастаанд, дар ду дақиқа тухм ранг гирифта, пухта мешудааст.
Гармтарин моҳи тобистон июл аст.
Ман қарор кардам, ки ғайр аз моҳи июл, дар дигар фасл рафтан ба Аҳвоз, маънии он мулкро на дидан ва на фаҳмидан аст.
Омодагӣ дидам.
Даруну беруни мошини майдаи куҳнаи бе кондитсионери «Тойота Королла»-ро, ки дар синну сол аз мошини қаҳрамони филми «Бандии Қафқоз» Едик (ронандаи аввалини он мошин Абу Ҳасан ибни Бей), тафовути ҷиддӣ надошт, то ҳадди муайян ба тартиб даровардам.
Ҳама асбоби сафарро омода намудам.
Чун аҳли хонавода аз нияти саёҳати чандрӯза ва раҳи ниҳоят дури наздик ба ду ҳазор километрии ман огаҳ шуданд, аз ҷузъиёт ва хатари роҳ напурсида, дастаҷамъона шавқмандии худро ба ин сафар эълон доштанд:
– Мо ҳам меравем!!!
Ҳарчанд, тибқи харита ва нишондоди боду ҳаво, ки моҳи июл аст, ҳаво дар роҳ ба Аҳвоз ва худи Аҳвоз то 60 - 65 дараҷа гарм мешавад, ягон кас аз хурд то бузург гапи маро гӯш кардан намехост.
Ба фикрам, аввалан, гӯё ният доштанд садоқати дастҷамъонаи худро ба сарвари хонавода нишон диҳанд: «Танҳо нарав! Мо бо туем!». Дуюм, тасдиқ кунанд: «Мо ҳам мард ҳастем!».
Ман доимо аз меҳнату заҳмати бачагии худ ба фарзандонам такрор ба такрор нақл мекардам. Баҳорон ҳангоми алафкашӣ бо модарам дар таги борони сел монданҳо, шип - шилта тар шуданҳо, аз хунукӣ дарақ-дарақ ларзиданҳо, шиори модарам дар саҳрои нопайдоканор: «Мо аз хунукӣ наметарсем! Мо аз гармӣ наметарсем! Мо ҷавонмардем!» – гуфтанҳо, корвони худро беист ба пеш бурданҳо ва ба муроди дил расиданҳоро.
Бо ёдоварӣ аз ин шиорҳо, худи бачаҳо маро бовар мекунонданд, ки ҳама ба ҳамин қавлу амал содиқанд. Мехоҳанд, воқеан, нишон диҳанд, ки дар рафъи мушкилот на камтар аз моанд.
Гар сафар бас хатарнок буду манзил бас баъид, ноилоҷ розӣ шудам. Аз тарафи дигар, дар ин раҳи дур дигар ҳамраҳу ҳамсафару ҳамнафасу ҳамсуҳбат надоштам. Тани танҳо будам. Мошини бистсолаи дипломатии ман на танҳо магнитофон, балки радиои одӣ надошт, ки он ҳам ба навъе тасаллои дил бошад.
Аммо дар дилам шукр мекардам: ҳатто, агар дарҳои мошин хуб маҳкам нашаванд, ойинааш чанд каф дошта бошад ҳам, боз ҷойи шукр аст. Айни замон, фикри мошини нав дар сари мо намеғунҷид. «Дароз кардани пой ба қадри кӯрпа», – гуфтаанд.
Субҳи 15-уми июли соли 1998, соати панҷи саҳар мо ба роҳ баромадем.
Барномаи ин сафарро ман дар давоми 18 рӯз тарҳрезӣ карда, дар он сайру тамошои ҷойҳои таърихии шаҳрҳои масири Теҳрон – Қум – Исфаҳон – Кошон – Қомсар – Шероз – Бандари Аббос – Бушеҳр – Дейлам – Хузистон – Исломшаҳр – Бруҷерд – Ҳамадон ва Караҷро интихобу ворид намуда будам.
Ҳамзамон, пешакӣ аз дӯстони эронӣ маслиҳат пурсидам, ки боз кадом ҷойҳои дидании ин шаҳрҳоро ба барномаи сафари хусусӣ даровардан мумкин аст. Ва пешниҳоди онҳоро ҳам қабул намудам.
Мо ғайр аз шаҳри Қум, ки дар навадкилометрии Теҳрон ҷойгир аст, қариб дар ҳамаи шаҳрҳои дигар аз як то ду рӯз макон гирифта, бо кирояи роҳбаладҳои тахассусманди маҳаллӣ тамоми ҷойҳои таърихии ин шаҳрҳоро тамошо мекардем.
Албатта, дар хусуси дидани ҷойҳои хотирмони ҳар шаҳри Эрон як китоби алоҳида навиштан мумкин аст. Аммо ба андешаи ман, дар дунё мисли Исфаҳон, Шероз, Ҳамадон, Бандари Аббос шояд дигар ҷову макони ҷаззобу тамошобобтаре набошад.
Лекин дар ин тобистони гарм, вақте ки мо тамошои шаҳрҳои ободро анҷом медодем, дар пеши чашми ман ҳамеша сахтии паси сар кардани биёбони Дашти Кабир, қумистонҳои беобу дона ва бекасу кӯй дар якҷоягӣ бо аҳли оила меомад. Ин сафарро хеле хатарнок ва масъулияти бузург ҳисоб мекардам.
Ба ҳамин хотир, вақте шаб дар Шероз истодем, ҳангоми хӯроки шом бо як пешхизмат, ки нисбат ба дигар ҳамкасбонаш ҳушманд менамуд, нияти сафари фардоро ба Аҳвоз гуфтам. Ӯ матлаби маро шунида:
– Оғо, Шома худтун, мидуне, ке аз Широз то Бушеҳр сисад килуметре ва аз Бушеҳр то Аҳвоз наздики чаҳорсаду пенҷоҳ килуметр. Аз Широз, ки берун шодид, диге эғлими биёбунӣ оғоз мише. Аз Бушеҳр то Аҳвоз коллан биёбуни бидуни сару баре. Арзам хидматтун, ке дар тобистун каси бигунайе ҷоръат нимеконе, орзуи сефери ин молке тефсунру. Маге, ки чизе дар он мулки хошк гом некарде боше. Чӣ тоуре, ки мибинем, Шома аз он ғебил мардом, ке нистид!
Ман ба эшон барои тафсир ва маслиҳати муфид миннатдорӣ кардам.
Аз мағозаҳои Шероз, ки шабонарӯзӣ кор мекунанд, рафта захираи об, обмева, ғизоҳои хушк, чандто нони сангакӣ, ки аз бомаззатарин нонҳои эронӣ аст, гирифтам. Панҷ дона шамъи биёбонӣ низ харидорӣ кардам: мабодо, ки кори мо ба торикиҳову мушкилҳо кашад, худро аз даррандаҳову хазандаҳои он биёбонҳои ҳавлнок битавонем ҳифозат кардан.
Бори дигар сару бадани «мошини Абу Ҳасан ибни Бейро»-ро аз назар гузаронидам. Дар устохонаи наздиктарин нафаси чархҳои ин ҷонвари оҳанинро пурратар кардам.
Усто:
– Оғо, Шома, ки сиёсӣ (дипломат) ҳастид, маге мошкиле, ки як мошини ҷадид барут бидан?!!! – гуфта, хандид ва дандони шикастаашро ба намоиш гузошт.
– Чанд бор арз немудам! Нимидан! – гуфтам ва ҳаққи хизматашро доданӣ шудам.
– Оғо, ғобилии Шомару ҳам недоре, Шома ке миҳмуни мо ҳастид! – гуфт.
Чун фурӯшандаи эронӣ «ғобилии шомару ҳам недоре», яъне «тешеккур, ҳеғи хезмат зерур нист. шома ахер меҳмуни мо ҳестид», – гуфт, яъне бидон, ки маблағи медодагии шумо кам аст. Ҳарчӣ бояд боз бештар, аммо зудтар бидиҳӣ.
Ман ҳам сахтӣ кардам. Чизи дигаре ба он маблағ илова нанамудам ва пулро ба кисаи усто андохтам. Усто худаш мутмайин буд, ки ин маблағ зиёдатӣ аст. Ташаккур гуфт ва ночор изҳори қаноатмандӣ кард. Албатта, баъди афту андоми мошини моро дидан, худи усто ҳам дигар ҷуръати тамаъи иловагӣ надошт.
Субҳи барвақт мо ба роҳ баромадем. Муддати шаш соат, ба иловаи як хӯроки нисфирӯзӣ дар роҳ, дар ошхонаи хубу барҳавое, ки барои ронандагону мусофирон сохта шуда буд, хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдем. Дилпур ба роҳи худ идома додем.
Ҳар қадаре ки ба ҷануб ҳаракат мекардем, ҳаво ҳамон қадар биёбонӣ ва гарм мешуд. Тавре ишора шуд, кондитсионер куллан кор намекард. Мо маҷбур будем тирезаҳои мошинро пойин фарорем.
Гармсели атроф сару рӯйи касро месӯзонд. Ман ба дасти бачаҳо як шишагӣ об додам. Таъкид мекардам, ки ҳар замон як қултӣ аз он нӯшанд. Шиддати гармии баданро муътадил гардонанд.
Бо сипарӣ гаштани шаш соати ронандагӣ ба Халиҷи Форс рӯ ба рӯ шудем. Сипас, ба Бушеҳр расидем.
Баъди биёбони қумзори хушк ва ноумедкунанда, ба баҳри беканоре мисли майдони беохири каб – кабуди мавҷнок, ба кас эҳсоси зиндагӣ мебахшид.
Аввалин коре кардем, дар суроғи меҳмонхона шудем. Онро пайдо намудем. Ҳама ниҳоят хаста ва бемадор буданд. Ҳаво тақрибан панҷоҳ – панҷоҳу панҷ дараҷа гарм буд. Тез вориди иморат шудем. Ҳамагӣ худро бидуни сухан ва шикоят болои катҳо партофтанд. Оромӣ ҳукмфармо гашт. Ҳама хоб.
Тахминан, баъди ду - дувуним соат оҳиста-оҳиста ба худ меомаданд. Шустушӯ ва либос иваз карданд. Гарчанде «кулер» – кондитсионери шамолу обии эронӣ босуръат кор мекард, аз шиддати гармии ҳаво дохили меҳмонхона аз берун чандон фарқ надошт.
Ман аз ҳамсафарон пурсидам:
– Ғизо мехоҳед ё оббозӣ?
Ҳама яку якбора ҳушёр шуданд:
– Оббозӣ!!! Оббозӣ!!! Шифти меҳмонхонаро ба сар бардошта, оромии муассисаро вайрон карданд.
– Хомӯш!!! Аз қафои ман саф кашед! – фармон додам ман.
Баъди ним соат бо гирифтани сандвич, яхмосҳои дар дунё беҳтарини эронӣ, обмеваву нӯшокиҳо мо тез макони ниҳоят хуби оббозии Бушеҳрро пайдо кардем.
Аҷоиб ба назар мерасид. Ин аввалин маконе дар Эрон буд, ки зану мард дар як соҳил, дар як мавзеъ оббозӣ мекарданд. Албатта занҳо бо кулли либосҳое, ки сар то по дар хиёбонҳо мепӯшиданд. Бо рӯсариву ҳиҷоб зери об медаромаданд.
Бачаҳо дигар касеро напурсида, ба оби халиҷ париданд. Дар берун дар ҳавои кушод ягон дақиқа истодан ҳам имкон надошт. Бадан мисле, ки дар назди оташи сӯзон истода бошед, месӯхт. Дар даруни об ҳам бояд тез - тез сари худро зери об кардаю берун мекашидӣ. Дар акси ҳол, эҳсос мекардӣ, ки мӯйҳои сар мисли мӯйҳои сари сиёҳпӯстон сӯхта, ҷинҷ мешаванд.
Ман Вориси чорсоларо, ки оббозӣ карда наметавонист, болои сар гирифта, дам ба дам ғӯтта мезадем. Илоҷи дигари гурехтан аз гармӣ вуҷуд надошт.
Ҳамин тариқ, мо ба хулосае омадем, ки «ҷой»-и хуб пайдо намудаем.
Андеша мекардем, ки ватани ҳамаи ҷонварҳое, ки кунун дар зери обҳо мегарданд, ҳамин регзори соҳилҳои Халиҷи Форс будааст. Дар рӯйи замин беғам мегаштаанд. Аммо дар ин мулк сол ба сол Офтоб ғазаболуд шудан гирифтааст. Ҳайвонҳо ҳамагӣ раҳи гурез кофта, ҷойи дигар наёфтаанд. Маҷбур шудаанд, даруни баҳр дароянд. Аммо диданд, ки Офтоби хашмгин тарки хислат намекунад, мулки онҳоро ба пуррагӣ забт кардааст, намегузорад, ки рӯ-рӯйи замин гашта, ризқи худро пайдо кунанд, аз ноилоҷӣ ҳамагӣ таги баҳрҳову дарёҳоро макони зиндагии худ баргузидаанд. Бо гузашти ҳазорсолаҳо ба ҳаёти даруни об омӯхт шудаанд. Хушкиро фаромӯш кардаанд.
Инсон, ки ақл доштааст, ҷойи дигари зиндагӣ ба худ интихоб карда тавонистаст. Дар акси ҳол, мо дар дунё шоҳиди одамони обӣ ҳам мешудаем.
Дар ҳамон ҳоле мо қарор доштем, фикр моро ба он самте мебурд, ки мисли ҳайвонҳои баҳрӣ дар зери ин намии моеъ зистанро оҳиста - оҳиста ёд бигирем, вагарна, ҳоли мо бад мешавад. Ман ба бачаҳо чунин таклифро кардам, аммо ташаббус чандон дастгирӣ наёфт. Лекин андак бошад ҳам, онҳо дар фикр монданд.
Воқеан, дар ин мулк аз рӯйи об дида, зери об зистан хубтару осонтар будааст. Об ширгарм. Ором. Таги по парниён.
Ман ба симои сайёҳони худӣ нигоҳ мекардам. Ҳамагӣ розианд. Маъюсии то меҳмонхона омадан, тадриҷан аз руҳияи онон рафъ мешуд.
Ҳар дақиқа шуълаҳои оташбори Офтоб, ки акнун гумон мекардӣ хонааш ин ҷост ва мо ҳарами муқаддасашро, гӯё халалдор мекарда бошем, сару рӯйи моро дигар гарм намекард. Месӯзонд. Қудрати худро ҳар лаҳза, бо алангаи оташ, ки воқеан, дар болои баҳр мавҷ мезад, нишон доданӣ мешуд. Моро маҷбур месохт, ки барои наҷот таги об дароем.
Ҳамсафи ман Ворис, ки аз об метарсид, акнун ҳар лаҳза интизори ҷустани сарпаноҳ дар зери об буд.
Яъне халиҷ ҷойе буд барои оббозӣ ва рифоҳ дар ин гармии тоқатфарсо.
Ҳамин тариқ, қариб шом мешуд. Одамони зиёде дар атрофи мо оббозӣ мекарданд. Ногоҳ як ҷавонмарди тахминан 30-35 сола, ки дар наздикии мо шино мекард, бо қулоч кашидан назди мо омад ва пурсон шуд:
– Оғо, салом! Шомоюн моли коҷа ҳастид?
Ҳоли мо хуш буд. Мо ҳам дониста шӯхӣ кардем:
– Оғо, дар кешвари мо мол маънои одамро, ке немиде!
– Оҳо! Маъзарат, оғо! Шомаҳо мардоми кудум мемлекет ҳестид? – гуфт, андак худро дар хиҷолат эҳсос карда.
Ман гуфтам.
Мо то гулӯ даруни об будем.
Ин мард худро муаррифӣ кард:
– Эсми ман Каёнӣ ҳастш.
Ман ҳам бо оҳанги дӯстона худро муаррифӣ кардам.
Суҳбати мо бо оғои Каёнӣ, ки номи сирф таърихиву тоҷикӣ дошт, гарм шуд. Ӯ аз вилояти Форси Эрон будааст. Дар Бушеҳр дар як корхонаи саноатӣ ба ҳайси муҳандис кору зиндагӣ мекардааст.
Оғои Каёнӣ марди фозил, таърихшинос ва шеърдон будааст. Дар бораи Тоҷикистон шунидаҳои худро гуфт. Орзуи дидани Ватани моро мекардааст.
Ӯ дар ҳамон шароити ғайримуқаррарӣ дар бораи адабиёти тоҷик пурсид. Ман як намунаи шеъри тоҷикӣ, ғазали Мирзо Турсунзодаро, ки ду байти аввалаш ин аст, хондам:
Бе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт,
Дид ҳоли ман табибу дар бари ман ҷо гирифт.
Ёри бепарвои ман аз ман хабардорӣ накард,
Гарчӣ дуди оҳи оташбори ман дунё гирифт.
Оғои Каёнӣ тааҷҷуб кард, ки дар шароити 70 соли ҳокимияти Шуроҳо мо забони худро гум накардаем ва бо забони Фирдавсӣ чунин шеъри зебо ҳам сароида.
Суҳбати мо ранг гирифт.
Оббозиро идома дода, ман оғои Каёниро барои идомаи маҳфили шоми гуворо ба меҳмонхонаи «Заркамар», ки мо он ҷо манзил доштем, даъват кардам.
Оғои Каёнӣ қатъиян ризо нашуд:
– На бобо! Шома, ки меҳмуни мо ҳастид. Ман Шомару на бе меҳмунӣ ба кодум рестуроне, балки ба хунеи худам даъват меконам.
Ман изҳори ташаккур намудам. Аввал фикр кардам, ки ин як таоруфоти эронист. Аммо чун дидам, ки оғои Каёнӣ дар таклиф ҷиддист, бо ваъдаи соати ҳашти шом бо мошини худаш моро аз меҳмонхона бурданӣ аст, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфтам:
– Бародари азиз! Ташаккур. Мо, ки ин ду кас, ману писарам нестем. Ними ҳамин мардуми оббозидошта «мол»-и ман ҳастанд.
– Аге даҳ кас ҳам, ки бошид, меҳмуни ман ҳастид. Вассалом, – гуфт.
Воқеан, соати ҳашти шом оғои Каёнӣ бо мошини хеле босалобати хориҷии худаш омад. Мо аҳли оила бо чор бачаамон кулчақанде бо худ гирифта, меҳмони оғои Каёнӣ шудем.
Оғои Каёнӣ бо хонум ва бачааш дар як хонаи алоҳидаи барҳаво зиндагӣ мекардаанд. Моро хуб меҳмондорӣ намуданд.
Соҳибхона чун нақша ва қотеиятии меҳмононро фаҳмид, ки аз сафари Аҳвоз, бо вуҷуди мушкилӣ, худдорӣ карданӣ нестем, моро шабонгоҳ назди як мағоза овард. Як зарфи бузурги бистлитра барои гирифтани об харид. Онро пур аз лимони ним - ним ва чанд пора ях карда, пуроб намуд. Даруни мошини мо монд.
Ҳарчанд неву нестон кардем, ба сухани мо гӯш накард. Бузургвории худро нишон дод. Ман ба ӯ нишони хона ва рақами телефонҳои корӣ ва манзили худро додам. Мо гарм хайрухуш кардем.
Баъдан, оғои Каёнӣ чанд маротиб дар Теҳрон меҳмони азизи мо буд. Дӯстии мо идома ёфт. Моро дафъатан ба Бушеҳр даъват кард. Мо ҳар замон: «Беҳтар, ки Шумо назди мо», – гуфта, изҳори маъзарат ва миннатдорӣ мекардем.
(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо»,
қисми 2, Душанбе,
«Эко Принт», 2024, саҳ. 379 - 416)
Click here to claim your Sponsored Listing.
Category
Website
Address
Душанбе
New Praha, MN