ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ
Маҳсулоти дастии ҳунармандони вилояти Хатлон

ЧОДАРИ ҚУРОҚӢ
Аслан калимаи "Қуроқ" ё худ "Қуроқдӯзӣ» — маънои порчаҳои матоъро ба ҳам пайваст карда, нақш офаридан аст. Бо воситаи ин намуди ҳунар дастархон, чодари арӯсӣ, кӯрпаву кӯрпача, чойнакпӯш ва ҳоказо медӯзанд.
Ҳунарманд аз н.Панҷ
Нарх: 786.5 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 30-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

РӮЙПУШИ ТАХТИ КӮРПАҲО
Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.
Ҳунарманд аз н.Данғара
Нарх: 424.6 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 26-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

БОЛОПӮШ, ДАСТБАНД ВА КӮРПАЧА Дар раванди гулдӯзӣ нахуст матоъи мувоффиқ интихоб карда мешавад, ки наққош ё қаламкаш ба рӯйи он нақшҳо мекашад. Сипас матоъи мунаққашро дӯзандагон бо риштаҳои ранга ороиш дода, онро бо мошинаи махсус нақши попурӣ зада, барои фурӯш ба мизоҷон омода менамояд.
Ҳунарманд аз н.Кӯшониён
Нарх: 550 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 30-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

КУРТАИ ЧАКАН Истифодаи рангубор дар ҳунари чакандӯзӣ ба табиати макони зисти ҳунарманди он вобастагӣ дорад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки бо истифодаи риштаҳои гуногунранг таровати, зебоии маҳалли худро рӯи матоъ оро диҳад. Одатан курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, камарбанд, ҷойнамоз ва ғайра гулдӯзӣ карда мешаванд.
Ҳунарманд аз н.Фархор
Нарх: 1650 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 25-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ҶИҲАКБОФӢ Шероз, шероза ё худ ҷиҳакбофӣ дар фарҳанги мардумӣ ҳамчун як унсури ороишӣ ва функсионалии либоси занона, мардона, бачагона, тоқӣ ё дигар кулоҳҳо, инчунин девориҳову чойнакпӯшҳову дигар чизҳои рӯзгор (аз қабили чойхалта, оинахалта, шонадон ва ғайра) истифода бурда мешавад.
Ҳунарманд аз н.Ш.Шоҳин
Нарх: 39 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 7-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

РАФИДА
Маълумот: ҳунарманд матоъро даврашакл пора карда, ба даруни он мувоффиқи ҳаҷми маҳсулот ашёи махсус монда, рудӯзӣ мекунанд ва дар матоъ болои онро бо нақшҳои гулдӯзӣ ё қуроқӣ ороиш медиҳанд.
Ҳунарманд аз н.Ш.Шоҳин
Нарх: 132 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 7-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ТОҚӢ
Тоқиҳои тоҷикӣ аз қисмҳои мухталиф: теппа («ситора», «тора»), гирда – гардиши тоқӣ (кизак), шероза (ҷияк, зеҳ, ҳошия, канора) ва лаблӯла иборат аст. Тоқиҳоро аз лиҳози шаклу намуд ва композитсия ба ду гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст: 1. Тоқиҳои тагпаҳни ҳамвори махрутшакли паст; 2. Тоқиҳои баландгумбаз.
Ҳунарманд аз ш.Кӯлоб
Нарх: 50 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 7-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

КУРТАИ ЧАКАН
Асоси гулдӯзии чаканро шакли гулбандина ташкил медиҳад. Намудҳои маъруфи нақши чакан аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора, пойи гунҷишк мебошанд.
Ҳунарманд аз ш.Кӯлоб
Нарх: 1650 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 60-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

КУРТАИ ЧАКАН
Куртаи чакани кӯлобӣ аз чакандӯзиҳои дигар манотиқ бо ранги баланди матоъҳо ва ресмонҳояш фарқ мекунад. Куртаю почаи чаканро аслан занҳо рӯзҳои ид, махсусан дар иди бостонии тоҷикон Наврӯз ба бар мекарданд. Асоси гулдӯзии чаканро шакли гулбандина ташкил медиҳад. Намудҳои маъруфи нақши чакан аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора, пойи гунҷишк мебошанд.
Ҳунарманд аз ш.Кӯлоб
Нарх: 1650 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 60-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

РАФИДА
Маълумот: ҳунарманд матоъро даврашакл пора карда, ба даруни он мувоффиқи ҳаҷми маҳсулот ашёи махсус монда, рудӯзӣ мекунанд ва дар матоъ болои онро бо нақшҳои гулдӯзӣ ё қуроқӣ ороиш медиҳанд.
Ҳунарманд аз н.Дӯстӣ
Нарх: 99 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 20-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЗАРДӮЗӢ
Зардӯзони ҳозира нозукиҳои ҳунари гузаштаро боз ҳам равнақу такмил дода, нақшҳои нави зебову пурмазмунро эҷод намуданд, ки «Офтоб», «Булбул», «Ғунча», «Садбарг», «Гулшан», «Навдаи маҷнунбед», «Қӯшбодом», «Буҷул», «Хишт», «Чашми булбул», «Хол», «Мавҷ» ва ғайра аз қабили беҳтарин нақшҳо буда, дорои технологияи махсус ва банду басти мураккаб мебошанд. Зардӯзиро ҳатто шоҳи ҳунарҳо меноманд.
Ҳунарманд аз ш.Кулоб
Нарх: 3300 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 30-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЗАРДӮЗӢ
Зардӯзӣ ҳунарест, ки дар асоси гулдӯзӣ пайдо шудааст. Дар рӯи матоъ ё либос бо риштаи махсусе, ки аз нахи зар (сафед — «нуқрагӣ» ё зард — «тиллоӣ») тайёр карда шудааст, нақш офарида мешавад. Либосҳои домодӣ, арӯсӣ, ҷома барои тӯи хатнасури писарон, баъзе либосҳои кӯдаконаву занона, кулоҳҳо, девораҳо, чойникпӯшҳо ва дигар ашёи рӯзгор зардӯзӣ карда мешаванд.
Ҳунарманд аз ш.Кулоб
Нарх: 3300 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 30-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЧАКАН
Вожаи «чакан» ниҳоят кадимӣ аст. Дар ибтидо дар рӯи чӯб, устухон, маъдан, чарм, сангҳои қимматбаҳо ва зарфҳои филизӣ бо дирафшҳои махсус нақшҳои гуногун- гул, барг, офтоб, моҳтоб, ситора ва монанди ин офарида мешуд, ки он баъдтар чакан ном гирифт. Аз ин ҷост, ки намунаҳои волои гулдӯзии тоҷикиро дар аксар осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури олам дидан мумкин аст.
Ҳунарманд аз ш.Кулоб
Нарх: 3300 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 30-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЧАКАН
Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Гулдӯзии (кашидадӯзии) тоҷикон ҳунари нафиси қадима буда, яке аз шаклҳои санъати амалӣ –ороишии мардумӣ ва қисми муҳими мероси фарҳангии умумибашарӣ маҳсуб меёбад.
Ҳунарманд аз ш.Кулоб
Нарх: 3300 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 30-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЧАКАН
Чакан ё Чакандӯзӣ - яке аз намудҳои санъати бадеӣ-амалӣ, ҳамчун шакли ҳунари бадеӣ яке аз навъи гулдӯзист. Чакан инчунин ҳамчун номи куртаи занона машҳур шудааст.
Ҳунарманд аз ш.Кулоб
Нарх: 3300 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 30-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ҚУРОҚДӮЗӢ
Санъати қуроқдӯзӣ ин дӯхтани маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтан ё худ пайваст кардани порчаҳо ё боқимондаҳои матоъ мебошад.
Ҳунарманд аз н.Панҷ
Нарх: 660 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 15-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ҚУРОҚДӮЗӢ
Аслан калимаҳои «Қуроқ» ё худ «қуроқдӯзӣ» — маънои порчаҳои матоъро ба ҳам пайваст карда, нақш офаридан аст. Бо воситаи ин намуди ҳунар дастархон, чодари арӯсӣ ё худ чимилиқ, кӯрпаву кӯрпача, болиштпӯш, чойнакпӯш ва ҳоказо медӯзанд.
Ҳунарманд аз н.Панҷ
Нарх: 660 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 15-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

КУРПАЧАИ ПОПУРӢ
Ҳунарманд матоъро интихоб карда, онро бо мошинаи махсус нақши попурӣ зада, барои фурӯш ба мизоҷон омода менамояд. Маҳсулот мувоффиқи фармоиш омода карда мешавад.
Ҳунарманд аз н.Кӯшониён
Нарх: 550 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 1-моҳ
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ТОҚӢ
Тоқиҳои тоҷикӣ аз қисмҳои мухталиф: теппа («ситора», «тора»), гирда – гардиши тоқӣ (кизак), шероза (ҷияк, зеҳ, ҳошия, канора) ва лаблӯла иборат аст. Тарзи духти тоқӣ чунин мебошад: нахуст дар матоъи пахтагин, махмал ё сатин нақши давраро шакли тора бо нақши гулҳояш кашида мешавад. Онро бо сузан ва риштаҳои ранга гулдузӣ мекунанд.
Ҳунарманд аз н.Кӯшониён
Нарх: 110 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 7-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ТОҚӢДӮЗӢ
Тарзи духти тоқӣ чунин мебошад: нахуст дар матоъи пахтагин, махмал ё сатин нақши давраро шакли тора бо нақши гулҳояш кашида мешавад. Онро бо сузан ва риштаҳои ранга гулдузӣ мекунанд.
Ҳунарманд аз н.Ш.Шоҳин
Нарх: 77 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 7-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

БОЛИШТ
Қуроқ -порчае аз матоъҳои сафед,сиёҳ, сурх, зард, гулобӣ мебошад, ки онро ба дарун қат карда , сегӯша ё чоргӯша мекунанд ва дар матоъи замина медӯзанд. Имрӯзҳо аксари занону духтарон ба дӯхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро ҳамчуни ҷиҳози арзандаю муқаддас барои ҳар як хонадон шарҳ медиҳанд.
Ҳунарманд аз н.Дустӣ
Нарх: 220 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 7-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

КУРПАЧА
Имрӯзҳо аксари занону духтарон ба дӯхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро ҳамчуни ҷиҳози арзандаю муқаддас барои ҳар як хонадон шарҳ медиҳанд.
Ҳунарманд аз н.Дустӣ
Нарх: 1320 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 15-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЧАКАН
Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Чакан навъе аз кашидадӯзии миллии тоҷикист, ки аксаран кашидадӯзон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафедро бо риштаҳои рангин гулдузӣ мекунанд.
Ҳунарманд аз н.Темурмалик
Нарх: 1320 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 15-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЧАКАН
Ин куртаест, ки таърихи ҳазорсола дорад. Бештар куртаи халқии духтарони тоҷик буда, яке аз намунаҳои беҳтарин аст ва онро метавонад номид. Дар гулдӯзии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ оид ба табиати атроф, кайҳон, орзую омоли мардум истифода мешаванд.
Ҳунарманд аз н.Темурмалик
Нарх: 1320 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 15-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

КУРТАИ ҚУРОҚӢ
Қуроқ -порчае аз матоъҳои сафед,сиёҳ, сурх, зард, гулобӣ мебошад, ки онро ба дарун қат карда , сегӯша ё чоргӯша мекунанд ва дар матоъи замина медӯзанд. Имрӯзҳо аксари занону духтарон ба дӯхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро ҳамчуни ҷиҳози арзандаю муқаддас барои ҳар як хонадон шарҳ медиҳанд.
Ҳунарманд аз н.Фархор
Нарх: 550 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 14-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЧОДАР
Гулдӯзӣ ва навъҳои он дар ороиши сӯзанӣ , чодари арӯсӣ, бардеворӣ истифода карда мешавад. Бари он 1,5 ва дарозиаш 3 метр мебошад Ҳунарманд дар матоъи пахтагин нақшофарию қаламзанӣ намуда, сипас бо риштаҳои ранга ороиш дода дастаҷамъона онро гулӯзӣ мекунанд.
Ҳунарманд аз ноҳияи Фархор
Нарх: 3350 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 20-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЧАКАН
Дар раванди гулдӯзӣ нахуст матоъи мувоффиқ интихоб карда мешавад,ки наққош ё қаламкаш ба рӯйи он нақшҳо мекашад. Сипас матоъи мунаққашро дӯзандагон бо риштаҳои ранга ороиш дода, бо сӯзан гулдӯзӣ мекунанд.Ин намуди либосро духтарон дар ҷашну идҳои миллӣ ба бар мекунанд. Ҳунарман мувофиқи табъу завқи худ ва мизоҷон бо нақшҳои гуногун омода месозад.
Ҳунарманд аз ш.Кулоб
Нарх: 1650 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 20-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЧОДАР
Ҳунарманд ранги матоъро интихоб мекунад ва барои омода намудани дастархон, дар он нақш мекашад сипас барои духтани он риштаҳои гуногунро интихоб карда, гулдузӣ мекунад.
Ҳунарманд аз н.Ҷайҳун
Нарх: 400 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 3-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

КУРПАЧА (МАТРАС)
Дар раванди гулдӯзӣ нахуст матоъи мувоффиқ интихоб карда мешавад,ки наққош ё қаламкаш ба рӯйи он нақшҳо мекашад. Сипас матоъи мунаққашро дӯзандагон бо риштаҳои ранга ороиш дода, бо сӯзан гулдӯзӣ мекунанд.
Ҳунарманд аз н.Ҷайҳун
Нарх: 700 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 5-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ДАСБАНД ВА РУЙПУШИ ГАҲВОРА
Дар раванди гулдӯзӣ нахуст матоъи мувоффиқ интихоб карда мешавад,ки наққош ё қаламкаш ба рӯйи он нақшҳо мекашад. Сипас матоъи мунаққашро дӯзандагон бо риштаҳои ранга ороиш дода, бо сӯзан гулдӯзӣ мекунанд.Ин гуна матоъи гулдӯзӣ барои тахти арӯсӣ омода карда шуда, инчунин дар маъракаҳои гуногун истифода бурда мешавад.
Ҳунарманд аз н.Ҷайҳун
Нарх: 200 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 1-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

РУЙПУШИ РАХТИ ХОБ
Ҳунарманд матоъро интихоб карда, онро бо мошинаи махсус нақши попурӣ зада, барои фурӯш ба мизоҷон омода менамояд. Маҳсулот мувоффиқи фармоиш омода карда мешавад.
Ҳунарманд аз н.Ҷайҳун
Нарх: 600 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 4-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

РАФИДА
Маълумот: ҳунарманд матоъро даврашакл пора карда, ба даруни он мувоффиқи ҳаҷми маҳсулот ашёи махсус монда, рудӯзӣ мекунанд ва дар матоъ болои онро бо нақшҳои гулдӯзӣ ё қуроқӣ ороиш медиҳанд.
Ҳунарманд аз н.Ҷайҳун
Нарх: 50 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 1-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЗАРДӮЗӢ
Зардӯзӣ ҳунари дӯхтани нақшу гулҳо тавассути риштаҳои заррин ва симин бо муҳраву пулакчаҳои рахшон дар матоъи махмалу банот ва ғайра мебошад. Тарзи омода кардани он чунин мебошад. Олот ва васоили зардӯзӣ аз матоъ, дӯкони зардӯзӣ қолабҳои коғазӣ, риштаҳои махсус, сӯзан, қалам ва ғайра иборат мебошад. Ҳунарманд дар рӯи қоғаз нақшҳои гуногунро тасвир мекунад ва нақшҳоро бо қайчӣ бурида, қолаби нақшро ба вуҷуд меорад.Зардӯзон қолабро ба болои нақши дар дукон аз чор тарафаш басташуда, насб карда, ба дӯхтани нақш шурӯъ мекунанд.
Ҳунарманд аз н.Шаҳритус
Нарх: 800 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 14-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

БОЛОПУШИ ГАҲВОРА (ҚУРОҚӢ)
Имрӯзҳо аксари занону духтарон ба дӯхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро ҳамчуни ҷиҳози арзандаю муқаддас барои ҳар як хонадон шарҳ медиҳанд.
Ҳунарманд аз н.Шаҳритус
Нарх: 400 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 14-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ДАСТАРХОН
Ҳунарманд ранги матоъро интихоб мекунад ва барои омода намудани дастархон, дар он нақш мекашад сипас барои духтани он риштаҳои гуногунро интихоб карда, гулдузӣ мекунад.
Ҳунарманд аз н.Ҷайҳун
Нарх: 50 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 1-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

КУРПАЧАИ КУРОҚӢ
Имрӯзҳо аксари занону духтарон ба дӯхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро ҳамчуни ҷиҳози арзандаю муқаддас барои ҳар як хонадон шарҳ медиҳанд.
Ҳунарманд аз н.Шаҳритус
Нарх: 300 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 14-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

КУРТАИ ҚУРОҚӢ
Қуроқ -порчае аз матоъҳои сафед,сиёҳ, сурх, зард, гулобӣ мебошад, ки онро ба дарун қат карда , сегӯша ё чоргӯша мекунанд ва дар матоъи замина медӯзанд. Имрӯзҳо аксари занону духтарон ба дӯхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро ҳамчуни ҷиҳози арзандаю муқаддас барои ҳар як хонадон шарҳ медиҳанд.
Ҳунарманд аз н.Шаҳритус
Нарх: 500 сомонӣ
Муҳлати омода кардан: 14-рӯз
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ДАСТБАНД
Маълумот: санъати чакандӯзӣ навъе аз тарзҳои дӯхтани гулҳо,нақшу нигор ва тасвирҳои рамзнок бо риштаҳои ранга дар матои пахтагин ва абрешимин мебошад.
Ҳунарманд аз н.Шаҳритус
Муҳлати омода кардан:14-рӯз
Нарх: 110 сомонӣ
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88

ЧАКАН
Дар гулдӯзии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ оид ба табиати атроф, кайҳон, орзую омоли мардум истифода мешаванд. Ҳар нақши дар болои матоъ дӯхташуда ном дорад. Ба монанди косагул, гули анор, барги бед, бодомак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, моҳу ситора, офтоб, абр ва монанди инҳо. Маҳорату таҷрибаҳои дӯзандагон аз интихоби матоъу риштаҳои ранга, нақшкашӣ, дӯхтани гулҳову нақшҳо ва дӯхтани либосҳо иборат мебошад.
Ҳунарманд аз н.Шаҳритус
Муҳлати омода кардан:14-рӯз
Нарх: 1200 сомонӣ
Телефон барои тамос (83222) 2-15-05, +922 904 08 19 88
Click here to claim your Sponsored Listing.
Category
Contact the business
Telephone
Website
Address
734052
Улица Вахдат
Kurgan-Tyube
Yov.tj - доставка товаров по городу Бохтар. Цены гарантиро